Ссылки доступа

Карен Карапетян расман сарвазири Арманистон таъйин шуд


Серж Саргсян, президенти Арманистон Карен Карапетянро сарвазири кишвараш таъйин кардааст. Матни фармон дар сомонаи расмии президент нашр шудааст.

Номзадии Карен Карапетян - шаҳрдори пешини Ереван, пойтахти Арманистон - ба мақоми сарвазирӣ дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи ҳизби ҳокими Арманистон 8 сентябр тасдиқ шуда буд.

Сарвазири ҳамакнун пешини Арманистон Овик Абрамян ба истеъфо рафт ва гуфт, бо ин амалаш ба президент имкон медиҳад, ки ҳукумати навро ташкил кунад.

Баъди ҳодисаи гаравгонгирии пулис дар Ереван, Серж Саргсян назди мардум ваъда дода буд, ки ҳукумати ризоияти миллӣ ташкил хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG