Ссылки доступа

Талошҳои мухолифони қирғиз зидди тағйири Конститутсия


Мухолифони Қирғизистон мехоҳанд, аввали моҳи октябр зидди тағйири Конститутсияи ин кишвар ду чорабинӣ - анҷумани шаҳрвандӣ ва ҷаласаи намояндагони мурдумиро баргузор кунанд. Дар ин бора Равшан Жээнбеков, вакили пешини порлумон ва яке аз ташкилкунандагони чорабиниҳои мазкур иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, зимни ин чорабиниҳо намояндагони нерӯҳои мухолиф ва ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон аз мақомоти кишвари худ даъват хоҳанд кард, ки Қонуни асосиро тағйир надиҳанд.

29 июли соли равон аз 6 ҷиноҳи порлумонии Қирғизистон 5-тоашон пешниҳод карданд, ки ба Конститутсияи ин кишвар тағйирот ворид карда шавад. Лоиҳаи Қонуни асосии нав ҳоло дар баррасии омма қарор дорад.

Мақомот пешниҳод доранд, ки райъпурсӣ бо интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ, ки қарор аст, тирамоҳи соли равон баргузор гарданд, гузаронида шавад. Мухолифони Қирғизистон зидди тағйири Конститутсияанд.

XS
SM
MD
LG