Ссылки доступа

Аз хонаи корманди гумрук 48 ҳазор долларро рабуданд


Мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯянд, як гуруҳи сенафарии ниқобпӯш бо мақсади ғоратгарӣ ба манзили Қурбон Зуҳуров, сардори шуъбаи аудити идораи гумруки ин вилоят ҳамла кардаанд.

Ба иттилои ВКД, ниқобпӯшон сандуқи оҳанинро, ки дар дохилаш 48 ҳазор доллар будааст, ба мошини "Хонда СР-В"-и соҳиби хона бор карда, то ба маҳаллаи Қизилюлдузи ноҳияи Бохтар рафтаанд.

"Сандуқро ба хонаи яке аз аъзои гуруҳ бурда шикастаанд ва пули дар дохил бударо гирифта байни худ тақсим кардаанд", - меафзояд манбаъ.

ВКД Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми тафтиши манзили зисти гумонбаршудаҳо сандуқи оҳанин ва як миқдори пул, дарёфт шудааст.

Бино ба гуфтаи кормандони пулис, ҷинояткорон ҳамсару фарзандони сардори шуъбаи аудити идораи гумруки Хатлонро лату кӯб карда, пулҳоро рабудаанд. Ба иттилои манбаъ, Бахтовар Зуҳуров, писари 17-солаи Қурбон Зуҳуров захмӣ шуда, дар бемористон бистарист. Ин ҳамла шаби 7 ба 8 сентябр сурат гирифтааст.

Худи корманди гумрукро он замон дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол додаанд, вале ҳоло вазъаш хуб арзёбӣ мешавад. Қурбон Зуҳуров беш аз як сол мешавад, ки дар вазифаи сардори шӯъбаи аудити идораи гумруки вилояти Хатлон кор мекунад.

Бо гумони ҳамла ба хонаи ин корманди гумрук панҷ нафар боздошт ва дар ҳоли ҳозир бозпурсӣ мешаванд. Аммо то ҳол расман гуфта нашудааст, ки 48 ҳазор доллари рабудашуда пули шахсии Зуҳуров аст, ё аз раёсати таҳти тобеаш, ки дар хонаи худ нигоҳ медошт.

XS
SM
MD
LG