Ссылки доступа

Ҷудоихоҳони Украина оташбаси якҷониба эълон карданд


Раҳбарони ҷудоихоҳон дар вилоятҳои Луганск ва Донетски Украина сар аз 14 сентябри соли равон оташбаси якҷониба эълон кардаанд.

Дар сабти аудиоие, ки телевизионҳои Русия пахш карданд, Александр Захарченко, раҳбари ҷудоихоҳони Донетск ҷонибдории бе чуну чарояш аз қарордоди сулҳи Минскро эълон карда, онро "роҳҳалли асосӣ" хондааст. Вай ҳамчунин аз Киев даъват кардааст, ки оташбасро ҷонибдорӣ кунад.

Игор Плотнитский, раҳбари шӯришгарон дар вилояти Луганс ҳам чунин изҳорот додааст. Чаро ҷудоихоҳон баъди ду ҳафтаи созиш дар бораи як оташбас расман чунин изҳорот доданд, ҳанӯз маълум нест.

Чанд соат пеш аз ин Петр Порошенко, президенти Украина гуфт, рӯзҳои наздик дар Радаи боло барои тағйири Конститутсияи кишвараш, ки ба худмухтории вилоятҳои шарқӣ иҷозат медиҳад, раъйгирӣ сурат хоҳад гирифт.

Аз оғози даргириҳо, дақиқтараш моҳи апрели соли 2014 инҷониб дар натиҷаи задухурдҳои Украина беш аз 9 ҳазору 500 одам кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG