Ссылки доступа

Озодии як афвшуда ҳамагӣ ду соат давом кард


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нафаре хабар медиҳад, ки ҳамагӣ баъд аз ду соати озод шуданаш бар пояи Қонуни афв, дубора ҷиноят содир кардааст.

​Ба иттилои ВКД, Абдуқаюм Уроқови 59-сола ҳафтаи гузашта аз муассисаи ислоҳии Вазорати адлияи кишвар, воқеъ дар ноҳияи Ёвон, озод шуда, ҳоло боз дар курсии айбдорӣ нишастааст.

Уроқов пас аз раҳо шудан дар назди бозори Шоҳмансури Душанбе ҳамёни Мусаввара Акбарова, сокини пойтахтро ғорат карда, аз дохилаш як телефон ва 360 сомониро гирифтааст.

Дар Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ Қонуни авф қабул шуд, ки бар пояи он бояд 12 ҳазор нафар, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ аз идомаи адои ҷазо озод мешаванд.

XS
SM
MD
LG