Ссылки доступа

Қирғизистон дар рӯйхати 12 кишвари "ҳатмӣ"-и сайёҳӣ


Нашрияи бритониёии The Independent Қирғизистонро ба рӯйхати 12 кишваре ворид кардааст, ки бояд ҳар як сайёҳ ба он ҷо сафар кунад. Рейтинги кишварҳои сайёҳиро гардишгари маъруф Гуннар Гарфорс, ки тақрибан ҳамаи кишварҳои дунёро гаштааст, тартиб додааст.

Гарфорс гуфтааст, ба суоли ин ки кадом кишвар барояш бештар писанд омад, посух додан душвор аст, аммо 12 кишваре ҳаст, ки ҳар кадом сайёҳ бояд ба он ҷо биравад.

Ин гардишгар гуфтааст, Қирғизистон табиати зебо, бозорҳои рангоранг ва сокинони самимие дорад.

Моҳи сентябри соли гузашта нашрияи дигари бритониёӣ - The Telegraph низ Қирғизистонро ба рӯйхати 12 кишваре шомил кард, ки арзиши сафар карданро доранд.

XS
SM
MD
LG