Ссылки доступа

Дар Лоҳур размоиши муштараки нерӯҳои Тоҷикистону Русия баргузор мешавад


Марҳилаи ниҳоии размоиши муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-и Русия рӯзи 15 сентябр дар размоишгоҳи Лоҳур, воқеъ дар 25-километрии ҷанубуғарби шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ҷамшед Ҳусейнов, як масъули дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, “марҳилаи ниҳоӣ бо истифода аз ҳазорҳо нирӯ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва саркӯбии душмани шартӣ сурат мегирад. Ҳадаф омодагии ҷангии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-и Русия дар муқобила бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, назири терроризм ва ифротгароӣ аст”.

Ба гуфтаи Ҳусейнов, дар ин машқҳо баталёни гуруҳи тактикии пойгоҳи низомии 201, гуруҳи амалиётии Вазорати дифоъ, ротаи таъиноти махсуси вазорати дифоъ, гуруҳи таъиноти махсуси қушӯнҳои дохилии вазорати корҳои дохилӣ ва гуруҳи таъиноти махсуси қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ширкат доранд.

Машқҳои муштарак 13 сентябр шуруъ шуда то 16 сентябр идома мекунанд. Бино бар иттилои расмӣ, ин нахустин машқи муштараки Тоҷикистону Русия дар соли ҷорӣ аст.

XS
SM
MD
LG