Ссылки доступа

Дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон анбори героину афюн ошкор шудааст


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон аз анборе дар вилояти Андиҷон, ки ҳаммарз бо Қирғизистон аст, беш аз 20 кило маводи мухаддир пайдо кардаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба пулиси вилоят иттилоъ додаанд, ки ин миқдор маводи мухаддир аз таҳхонаи як анбори хусусӣ дарёфт шудааст ва ташхиси фаврӣ муайян карда, ки 10,2 килои он героин ва боқӣ афюн аст.

Ба иттилои Маркази миллии иттилоотию таҳлилии назорати маводи нашъаовари Ӯзбекистон, дар солҳои 2012-2015 ҳолатҳои ошкоршавии анбори маводи мухаддир дар ҳудуди ин кишвар ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи пурзӯр шудани фаъолияти сарҳадбонони Ӯзбекистон қочоқбарон маҷбур шудаанд, ки анборҳои махфиро ҳамчун роҳи транзитии интиқоли маводи мухаддир истифода кунанд.

Маркази назорати маводи нашъаовари Ӯзбекистон гуфтааст, ки аз ҳама бештар маводи мухаддир аз Афғонистону Тоҷикистон меояд ва тавассути қатораҳои борбар ва махфигоҳҳои назди марзӣ интиқол дода мешавад. Соли гузашта ин гуна анбор 50 адад ошкор шуда буд.

XS
SM
MD
LG