Ссылки доступа

Се ҳазор пулис тартиби ҷамъиятиро дар саммити ИДМ таъмин мекунад


Ҳангоми баргузории саммити ИДМ дар Бишкеки Қирғизистон тартиботи ҷамъиятиро беш аз 3 ҳазор корманди пулис таъмин хоҳанд кард. Дар ин бора ВКД-и ҳамсоякишвар иттилоъ додааст.

"Масири ҳаракати корвони мошинҳо, макони баргузории чорабиниҳо ва ҷойи зисти аъзои ҳайатҳо зери назорати шадид қарор дошта, ҳамчунин барои муҳофизати иншооти ҳаётан муҳим тадобири изофӣ андешида шудааст", - меафзояд манбаъ.

ВКД-и Қирғизистон мегӯяд, аз 15 то 17 сентябри соли равон ҳаракати нақлиёт дар як қатор кӯчаҳои вилояти Чуй ва Бишкек, аз ҷумла шоҳроҳи фурудгоҳи "Манас" муваққатан маҳдуд хоҳад шуд.

Саммити ИДМ аз 16 то 17 сентябри соли равон бо иштироки раҳбарони кишварҳо дар Бишкек баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG