Ссылки доступа

Баҳси сармоягузори чинӣ бо "Азия-тур" ва "Ориёнбонк"


Як сармоягузори чинӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, корхонаи истихроҷи сурмааш, ки бо харҷи 1 миллион доллари ИМА дар Чойруқдарони шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) сохта буд, мавриди ғасби рейдерӣ қарор гирифтааст.

Ҷен Ху А, соҳибкори чинӣ дар Тоҷикистон молики ширкати “Лен Ху А” ва “Маркази фарҳангии Хитою Тоҷикистон” аст. Ба гуфтаи вай, Каромат Содиқова, роҳбари “Азия-тур” – як ширкати коршарикаш бо тақаллуби чанд ҳуҷҷат корхона ва чанде аз моликияти дигари ӯро гирифтааст ва ҳоло онҳо дар гарави “Ориёнбонк” дармондаанд.

Соҳибкори чинӣ бар ин аст, ки моликияти ӯро ширкат ва бонк бар пояи як нақшаи қаблан тарҳрезишуда аз худ кардаанд. Каромат Содиқова гӯиё бо як “мактуби кафолатии тақаллубӣ” аз “Ориёнбонк” наздик ба як миллион сомонӣ қарз гирифта, онро барнагардондааст ва дар натиҷа бонк пардохти қарзи ин ширкатро аз соҳибкори чинӣ Ҷен Ху А талаб кардааст.

Ҷен Ху А гуфт, ду сол аст, ки бо Содиқова ва “Ориёнбонк” баҳси додгоҳӣ дорад. "Баъди баҳсҳои тӯлонӣ дар Додгоҳи иқтисодии Душанбе ва Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор шуд, ки моликияти маро нахуст ҳабс ва баъдан бо нархи даҳҳо бор арзон ба Каромат Содиқова фурӯшанд", - изҳор дошт соҳибкори чинӣ.

Аммо Каромат Содиқова иддаои соҳибкори чиниро комилан рад карда, мегӯяд, баръакс, аз ҳамкорӣ бо ин шаҳрванди Чин ӯ зарар дидааст. Кашмакашҳои додгоҳӣ ба қатъи фаъолияти корхона ва бекор мондани 130 коргар, ки аз 1500 то 2000 сомонӣ маош мегирифтаанд, сабаб шудааст.

XS
SM
MD
LG