Ссылки доступа

25-умин солгарди саммити ИДМ: киҳо меояд ва киҳо намеояд


Рӯзи 16 сентябри соли равон дар Бишкеки Қирғизистон 25-умин солгарди саммити раҳбарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.

Сапар Исоқов, сардори Шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон зимни суҳбат бо рӯзноманигор гуфт, ки дар ин саммит кадом кишварҳо иштирок ва онҳоро кӣ намояндагӣ мекунад.

Ба гуфтаи Исоқов, президентҳои Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон дар саммити мазкур иштирок карда, ҳайати Ӯзбекистонро вазири корҳои хориҷӣ, Туркманистонро муовини раиси девони вазирон ва Украинаро сафираш дар Қирғизистон раҳбарӣ мекунанд. Ҳамчунин Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ низ ширкат хоҳад варзид.

Исоқов афзуд, ки дар Молдова қарор аст, интихоботи президентӣ баргузор шавад ва аз ин рӯ, ин кишварро сарвазираш намояндагӣ мекунад. "Президенти Туркманистон низ зимни суҳбати телефонӣ бо Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон гуфт, дар робита ба тағйири Қонуни асосӣ як қатор чорабиниҳои сиёсӣ дар кишвараш ба нақша гирифта шудааст ва аз ин рӯ Ишқободро муовини раиси ҳукумат намояндагӣ мекунад", - афзуд вай.

Сардори Шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон ҳамчунин таъкид кард, ки иштироки ҳайати Ӯзбекистон дар сатҳи вазири корҳои хориҷӣ бозгӯи сард шудани равобити Бишкеку Тошканд нест. "Ин танҳо ба корҳои дохилии Ӯзбекистон, омодагӣ ба интихоботи президентӣ марбут аст. Дирӯз миёни сарвазирони ду кишвар гуфтугӯи хеле гарм сурат гирифт", - илова кард Исоқов.

XS
SM
MD
LG