Ссылки доступа

Шавкат Мирзиеёв тағйири аъзои ҳукумати Ӯзбекистонро оғоз кард


Шавкат Мирзиёев, президенти муваққатии Ӯзбекистон 13 сентябр як қатор фармонҳоро имзо кардааст, ки дар натиҷа яке аз муовинони сарвазири ин кишвар аз кор озод ва ба ҷои ӯ шахси дигаре таъйин шудааст.

Ҳамчунин яке аз вазирон низ барканор ва салоҳиятҳои ду муовинони сарвазир бештар карда шудааст. Маҷид Каримов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сарвазири Ӯзбекистон дар умури ҷавонон, маориф, фарҳанг ва варзиш озод ва ба ҷояш Абдулло Орипов таъйин гардидааст.

Алишер Ваҳҳобов аз мақоми вазири маълумоти махсуси миёна ва олии Ӯзбекистон барканор шуда, дар ин мақом ӯро Рустам Қосимов иваз кардааст.

Президенти муваққатии Ӯзбекистон Рустам Азимовро дубора муовини аввали сарвазир, вазири молия ва сардори маҷмааи рушди макроиқтисодӣ, ислоҳоти сохторӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, рушди маҷмӯии ҳудудҳо, маориф ва илм таъйин кардааст.

Адҳам Икромов низ дар вазифаи муовини сарвазир ва сардори маҷмааи тандурустӣ, экология, ҳифзи муҳити зист, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ин кишвар боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG