Ссылки доступа

ИА мехоҳад ситоди ягонаи амалиёти низомӣ таъсис диҳад


Ин гоми нахустин дар ташкили қувваҳои мусаллаҳи муштараки Иттиҳоди Аврупо (ИА), ба иловаи НАТО хоҳад буд. Ин нуктаро Жан-Клод Юнкер, раиси Комиссияи Аврупо 14 сентябр зимни иҷлосияи порлумони иттиҳод дар Страсбург баён дошт.

Раиси Комиссияи Аврупо гуфт, артиши кишварҳои ИА дар алоҳидагӣ тавони муқобила бо тундравон ва фишорҳои Русияро надоранд.

Ба гуфтаи вай, ИА баъди ихроҷи Бритониё ташкили ситоди муштаракро оғоз мекунад. Юнкер афзуд, ки комиссияи зери раҳбарияш то охири соли равон Фонди мудофеаи Аврупоро таъсис медиҳад, ки сармояаш ба пажуҳиш ва навовариҳо дар ин соҳа равона хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Федерика Могерини, раҳбари дипломатияи ИА қаблан таъсиси қувваҳои мусаллаҳи муштараки Аврупоро рад карда буд. Баъдан вай стратегияи нави сиёсати хориҷии Аврупоро муаррифӣ кард, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофеа даъват мекунад.

XS
SM
MD
LG