Ссылки доступа

Росавиатсия хизматрасонии ширкати ҳавопаймоии "Туркманистон"-ро қатъ кард


Ширкати Росавиатсияи Русия хизматрасонии ширкати ҳавопаймоии Туркманистон («Туркменховаеллари») дар ҳарими ҳавоии Русия ба далели қарзи зиёд қатъ кард.

Росавиатсияи Русия мегӯяд, давоми соли 2016 ширкати ҳавоии Туркманистон борҳо кафолат додааст, ки қарзашро пардохт хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми умумии қарз ба 220 ҳазор доллар расидааст. Росавиатсия мегӯяд, баъди ҳал шудани ин мушкил хизматрасониро дубора ба роҳ хоҳад монд.

Ширкати «Туркменховаеллари» тавассути ҳарими ҳавоии Русия аз Ишқобод ба Москва ва Санкт-Петербург парвоз мекунад ва инчунин парвозҳои транзитро ба Минск, Бирменгем ва Лондон анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG