Ссылки доступа

Ширкати 2 ҳазор низомӣ дар размоишҳои СҲШ дар Қирғизистон


Дар размоишҳои кишварҳи узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай (СҲШ) дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон наздики 2 ҳазор низомӣ ва 300 адад техника ширкат мекунад.

Размоиши "Маъмурияти сулҳомез-2016" имрӯз шуруъ шуда, то 21 сентябр идома мекунад. Дар ин машқҳо низомиёни Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Мавзуи размоиш "Омодагӣ ва баргузории амалиёти зиддитеррористии нерӯҳои низомии кишварҳои узви СҲШ" унвон шудааст.

Дар рафти размоиш омодагӣ ва баргузории амалиёти муштараки зиддитеррористӣ, баланд бурдани омодагии нерӯҳои СҲШ дар мубориза зидди терроризму ҷудоихоҳӣ омӯхта мешавад.

XS
SM
MD
LG