Ссылки доступа

Ӯзбекистон барои содироти маҳсулоташ аз Русия имтиёз хост


Ӯзбекистон аз Русия хост, ки барои содироти маҳсулоти ӯзбекӣ ба Русия "долони сабз" таъсис дода, расмиёти гумрукӣ ва санҷиши тиббӣ кам карда шавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Ин пешниҳод аз забони Рустам Азимов, муовини аввали ноиб-сарвазири Ӯзбекистон зимни мулоқот бо вазири кишоварзии Русия Александр Ткачев садо додааст.

Вазири кишоварзии Русия гуфтааст, дар соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти ӯзбекӣ ба Русия ду баробар афзудааст. Аммо ҷонибҳо гуфтаанд, ҳанӯз чанд монеа барои вуруди сабзавоту меваҷоти Ӯзбекистон ба Русия мавҷуд аст.

Ҷонибҳо ҳамчунин гуфтаанд, омадаанд, ки ҳамкориашонро дар самтҳои дигар низ густариш диҳанд.

XS
SM
MD
LG