Ссылки доступа

Бишкек барои қирғиздухтароне, ки дар Москва ҳалок шуданд, гулгашт месозад


Раиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон Албек Ибраимов аз ташаббуси сокинон барои сохтани гулгашт ба хотири духтароне, ки дар сӯхтори чопхонаи Москва ҳалок шуданд, ҷонибдорӣ кард.

Ин гулгашт дар чорроҳаи кӯчаҳои Айнӣ ва Бакаев сохта мешавад. Раиси шаҳр ба масъулин дастур додааст, ки барои бунёди гулгашт кумак кунанд.

Пештар аз ин чанде аз корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook пешниҳод карданд, дар Бишкек гулгашт ё боғе ба ёди қирғиздухтароне, ки дар ҳодисаи фоҷиавии сӯхтори чопхонаи Москва 27 августи соли ҷорӣ ҳалок шуданд, буёнд шавад.

"Ин пешниҳодро ҳазорон корбари шабакаи иҷтимоӣ ҷонибдорӣ кардааст. Ҳудуди 560 нафар зери муроҷиатномае, ки ба раиси шаҳр фиристода шудааст, имзо гузоштаанд", - хабар медиҳад шаҳрдории Бишкек.

XS
SM
MD
LG