Ссылки доступа

Садамаи маргбор бо иштироки писари муовини сарвазири Тоҷикистон


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, садамаи нақлиётӣ бо иштироки Фаромуз Саидов, писари муовини сарвазири Тоҷикистонро, ки ду кушта бар ҷой гузоштааст, таҳқиқ мекунад. Ин ҳодиса шаби 10 ба 11 сентябри соли равон дар Душанбе рух додааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД Тоҷикистон гуфт, ин садама як тасодуф аст ва "набояд ҷинояти барқасдона унвон шавад". "Ин гуна садамаҳо ҳар рӯз сабт мешаванд ва онҳоро одилона тафтиш мекунем. Яъне, ин як садамаи тасодуфӣ аст. Ронанда худаш низ ҷароҳат бардоштааст ва ҳоло дар беморхона бистарист", - афзуд вай.

Сухангӯи ВКД хабари кушта шудани се нафар дар натиҷаи ин садамаи нақлиётиро рад кард. Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин садама ду нафар - Ҳилола Раҳимоваи 25-сола, сокини шаҳри Душанбе ва Рустам Сатторови 30-сола, сокини ноҳияи Варзоб (корманди идораи коммуналӣ) - ҷон дода ва худи Фаромуз Саидов маҷруҳ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ изҳор дошт, ки Фаромуз Саидов соатҳои 1 ба 2-и шаби 10 сентябр бо мошин аз Маркази дилхушии "Роял Клаб", воқеъ дар назди "Кохи Наврӯз" берун шуда ва дар паҳлӯи росташ, Ҳилола Раҳимова қарор доштааст. "Фаромуз Саидов бо суръати баланд мошинро рондааст ва тибқи тафтишҳои пешакӣ дар пайи рӯшноӣ додани мошини муқобил ӯ роҳсозонро надида, ба онҳо бархӯрдааст", - афзуд манбаъ.

Фаромуз Саидов, писари муовини нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов, 23 сол дорад. Давлаталӣ Саидов дар гузашта дар мақомҳои раиси Кумитаи ҷавонон, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон ва раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ кор кардааст. Вай аз соли 2013 ба ин тараф муовини нахуствазири Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG