Ссылки доступа

Қонунгузорҳои ИМА: зидди Кремл барои ҳамлаҳои киберӣ таҳрим эълон шавад


Қонунгузорҳои Амрико аз президент Барак Обама даъват мекунанд, ки Русияро дар рахна кардани шабакаҳои компютерии ин кишвар ба таври оммавӣ айбдор ва зидди Кремл таҳрим эълон кунад.

"Имрӯз президент ҳақ дорад, то ба ҳамлаҳои ҳакерӣ вокуниш нишон диҳад. Агар Русия боз ҳам ҳаракатҳои худро, ки зидди ниҳодҳои марбут ба маъракаи пешазинтихоботии мо равона шудаанд, идома диҳад, пас маъмурияти президент салоҳият дорад, ки маҷмуи васеи тадобири ҷавобиро биандешад. Бахусус, аз эълони таҳримҳои иқтисодӣ оғоз кунад", - гуфтааст Адам Шифф, узви Кумитаиумури хадамоти иктишофии Палатаи намояндагони Амрико.

Тавре Майкл Макол, раиси Кумитаи амнияти дохилии Палатаи намояндагони ҷумҳурихоҳон дар суҳбат бо CNN изҳор доштааст, масъулони хадамоти махсус ба ӯ гуфтаанд, ки рахнагарони рус бо ворид шудан ба серверҳои Кумитаи миллии Ҳизби деморакт ба пойгоҳи маълумот дар бораи як қатор мансабдорони ҷумҳурихоҳон дастрасӣ пайдо кардаанд.

Норозигии ҷумҳурихоҳон ва демократҳо аз хомӯшии президент Обама дар баробари ҳаракатҳои рахнагарони рус афзоиш меёбад. Аммо маъмурияти Обама аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки кушода шудани боз як ҷабҳаи дигари муқовимат зидди Русия метавонад, ҳамкориҳои дуҷониба дар бораи Сурияро ба ҳам бизанад.

Дар ҳамин ҳол, Боб Коркер - муовини раиси Кумитаи байналмилалии Сенати ҷумҳурихоҳон мегӯяд, вақте сухан дар бораи дахолати Русия ба раванди интихоботи Амрико меравад, на бояд дар бораи ин гуна ҳамкориҳо фикр кард.

XS
SM
MD
LG