Ссылки доступа

Зиёрати қабри Каримов бо дучарха "ҳаҷҷи хурд" дониста шуд


Ҳамдеҳагони Ҳусан Ҳоҷибоев, нафақахӯри 76-сола аз вилояти Намангони Ӯзбекистон, ки ба зиёрати қабри Ислом Каримов рафта буд, ӯро бо туҳфа пешвоз гирифтаанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сафари Ҳусан Ҳоҷибоевро барои зиёрати қабри Ислом Каримов ба "ҳаҷҷи асғар" (ё ҳаҷҷи хурд) баробар кардаанд.

Қисме аз корбарони Facebook пул ҷамъ карда, барои Ҳоҷиебоев дучархаи нав ва яхдон харидаанд. Акнун пирамард ният дорад, бо дучархаи туҳфашуда ба зиёрати ҳаҷҷ биравад.

"Ба сари қабри Каримов рафтан ҳам худаш адои ҳаҷ буд. Ман дар Самарқанд ба хонаи авлодии Каримов рафтам, ҳамаро дохил шудан намемонанд, аммо ман ворид шудам. Сари қабри вай низ ҳамаро иҷозати наздик шудан намедиҳанд", - нақл кардааст мӯйсафед.

Ислом Каримов рӯзи 2 сентябр вафот кард. Ӯро 3 сентябр дар Самарқанд ба хок супориданд.

XS
SM
MD
LG