Додситонии вилояти Омски Русия тафтиши парвандаи панҷ муҳоҷири тоҷикро, ки аз тариқи марзи Қазоқистон вориди Русия мешуданд, анҷом дода ва ба додгоҳ фиристодааст.
Татяна Булихова, як масъули Додситонии вилояти Омск мегӯяд, панҷ нафар бо ҳам дар қаторе шинос шудаанд, ки ба самти шаҳри Петропавловски Казоқистон мерафт.
“Бо вуҷуди он ки ин панҷ нафар қаблан депорт шуда буданд, аммо боз мехостанд барои кор ба Русия бираванд. Дар роҳ онҳо нақшаи пиёда убур кардани марзро мекашанд ва дар ҳудуди ноҳияи Исилкули вилояти Омск боздошт мешаванд”, - гуфт Булихова.
Ин муҳоҷирон дар боздошт қарор доранд. Ба ҳамин монанд, як муҳоҷири дигари тоҷик ҳамроҳ бо шаҳрванди Молдова кӯшиш кардааст, ки ба таври қочоқӣ аз марзи Беларус ба тарафи Русия гузарад. Онҳо дар ноҳияи Злинков дастгир шудаанд ва парвандаашон дар додгоҳи Брянск баррасӣ хоҳад шуд.
Иброҳим Аҳмадов, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия истифода аз чунин шеваро ба ноогоҳии муҳоҷирон рабт дод. Ӯ гуфт, “агар, фаразан, онҳо бо ҳамин тариқ вориди Русия шаванд ҳам, наметавонанд барои фаъолияти қонунӣ дар ин кишвар патент бигиранд. Зеро ба ҳангоми ихроҷ намудан, изи ангуштони онҳо гирифта мешавад”.