Ссылки доступа

Саидқозӣ Матаев аз додгоҳ хост, мурофиаро ба вақти дигар гузорад


Вакили раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев аз судя хостааст, ки ба зерҳимояаш иҷозат бидиҳад, то ба муассисаи тиббӣ муроҷиат намояд.

Саидқозӣ Матаев низ айни дархости вакилашро аз додгоҳ кардааст.

Аз ибтидои мурофиаи додгоҳӣ Саидқозӣ Матаевро ҳадди ақал се маротиба ба беморхона бурдаанд.

Муҳокимаи парвандаи Саидқозӣ Матаев ва писараш Асет, ки дар дуздии маблағи буҷа айбдор мешаванд, 23 август шуруъ шуд. Падару писар моҳи феврал боздошт ва баъдтар ба ҳабси хонагӣ гирифта шуданд. Падару писар айбҳои эълоншударо рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG