Ссылки доступа

Саммити раҳбарони ИДМ имрӯз дар Бишкек оғоз мешавад


25-умин солгарди саммити раҳбарони кишварҳои ИДМ имрӯз дар Бишкеки Қирғизистон оғоз мешавад.

Ба иттилои ВАО, Қирғизистон барои баргузории ин чорабинӣ ду сол аст омодагӣ мебинад ва наздики 18 миллион сом (1,8 миллион сомонӣ) харҷ кардааст. Дар қароргоҳи давлатии "Ал-Арча" низ қабулгоҳе ба шакли хайма бунёд карда шудааст.

Дар ин саммит президентҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок карда, Молдоваро сарвазир, Туркманистонро муовини сарвазир, Ӯзбекистонро вазири корҳои хориҷӣ ва Украинаро сафираш дар Қирғизистон намояндагӣ мекунанд.

Иштирокдорони ҷаласа масоили ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, ҳифзи ҳуқуқ, фарҳанг ва башардӯстонаро баррасӣ хоҳанд кард. Бино ба хабарҳо, ба рӯзномаи саммит 15 масъала ворид шудааст. Интизор меравад, ба масъалаи ҳамкориҳо дар мубориза зидди терроризм барои солҳои 2017-2019 таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад.

Сапар Исоқов, сардори Шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон гуфтааст, ки мулоқоти раҳбарони кишварҳо нахуст маҳдуд ва баъдан дар шакли васеъ баргузор мешавад. Дар идома Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ барои ВАО изҳорот хоҳад дод.

Тавре ТАСС бо истинод ба Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия иттилоъ додааст, Путин тасмим дорад, дар ин нишаст ба ҳамтои қирғизи худ Алмосбек Отамбоев бахшида ба 60-солагияш чанд туҳфа, ки якеаш дар бахши давлатӣ аст, тақдим кунад.

XS
SM
MD
LG