Ссылки доступа

Раиси ҳукумати Қрим мехоҳад, нархи маҳсулот танзим шавад


Раиси ҳукумати Қрими ғасбшуда Сергей Аксенов пешниҳод кардааст, ки дар минтақа ба таври муваққат нархи маҳсулоти бозор аз сӯи давлат танзим шавад.

Дар мусоҳиба бо шабакаи "Қрими аввал" Аксенов гуфтааст, зарурист, ки то соли 2020 нархҳо танзим шаванд. Баъди он дар нимҷазира рақобати озод ба миён хоҳад омад. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи вай, чанде аз монополистҳо нархҳои ниёзи аввалия ва дорувориро гарон мекунанд. Ин гаронӣ сокинонро хашмгин кардааст.

Қрим дар соли 2014 аз сӯи Русия ғасб шуд. Украина ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастшавии Қримро ба Русия эътироф намекунанд ва нимҷазираро узви қаламрави Украина медонанд.

XS
SM
MD
LG