Ссылки доступа

Ҷашнвораи "АЛМАfest-2016": намоиши 26 навъи себ дар Алмаато


Бахшида ба Рӯзи шаҳр дар Алмаатои Қазоқистон ҷашнвораи себ "АЛМАfest-2016" баргузор шуд.

Ин ҷашн аз соли 2010 инҷониб бо мақсади рушди соҳаи боғдорӣ пас аз фурӯпошӣ ва бозгардонидани шукуҳу шаҳомати шаҳр, ки замоне ватани себ буд, баргузор карда мешавад.

Дар намоишгоҳ 26 намуди себ аз 33 хоҷагии деҳқонии Алмаато ба намоиш гузошта шуда, мақомоти шаҳр баргузории онро ба ҷашни 1000-солагии Алмаато рост оварданд. Соли 2009 Алмаато расман 155-солагиашро таҷлил кард. Соли 1854 дар инҷо нахуст истеҳкоми низомӣ ва баъдан шаҳри Верний таъсис ёфта буд.

Вале дертар донишмандони маҳаллӣ эълон карданд, ки таърихи Алмаато ба 2000 соли пеш бармегардад. Чанд соли пеш низ ковишгарон ҳангоми ҳафриёт дар шаҳраки Алмарасан, воқеъ дар наздикии Алмаато эълон намуданд, ки тангаҳои асри XIII-ро пайдо кардаанд ва дар онҳо калимаи "Алмаато" навишта шудааст.

Рӯзи шаҳрро дар Алмаато ҳамасола якшанбеи севуми моҳи сентябр таҷлил мекунанд.

XS
SM
MD
LG