Ссылки доступа

Шаҳрдори Ню-Йорк таркиши Челсиро "амали тарҳрезишуда" хонд


Билл де Блазио, шаҳрдори Ню-Йорк инфиҷори маводи таркандаи худсохтро дар Челси, маркази ҷазираи Манхэттен, ки наздики 30 нафарро захмӣ кард, "амали тарҳрезишуда" хондааст.

Дар натиҷаи таркиши 17 сентябри Челси 29 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки вазъи якеашон вазнин гуфта мешавад. Бо ин ҳол, шардори Ню-Йорк ҳодисаи мазкурро амали террористӣ нахондааст. Зеро ба гуфтаи де Блазио, то ҳол барои амали террористӣ хондани ҳодисаи мазкур далелҳои тасдиқкунанда мавҷуд нест.

Мутахассисон ҳамагӣ баъд аз чанд лаҳза таҷҳизоти шубҳаноки дигареро низ дар наздикии макони ҳодиса пайдо кардаанд, ки феълан мавриди омӯзиш қарор дорад.

Яке аз муфаттишон дар суҳбат бо Associated Press гуфтааст, таҷҳизоти дувум тавассути сим ба телефони ҳамроҳ пайваст буд. Аз ин гуна бомбаҳои худсохт дар марафони соли 2013-и Бостон истифода шудааст.

Мутахассисон ҳамчунин гуфтанд, таркиши Челси бо ҳодисаи Ню-Ҷерси рабт надорад. Рӯзи 17 сентябр ҳангоми марафони хайриявӣ бо иштироки ҳазорҳо одам дар Ню-Ҷерси қубури обгузаре шикаста буд.

XS
SM
MD
LG