Ссылки доступа

Кумаки падари муҳоҷир ба духтари мактабхонаш бо Скайп (видео)


Фирдавс Қодиров, шаҳрванди Тоҷикистон як сол пеш маҷбур шуд барои пайдо кардани ҷойи кор зан ва духтараш - Сумаяи 7-соларо, ки имсол ба мактаб рафт, дар ватан гузошта, ба Русия биравад.

Қодиров барои он ки Сумая ӯро фаромӯш накунад, ҳар бегоҳ тамос гирифта, ба воситаи скайп дарсҳои духтарашро бо ҳам омода мекунанд. "Падарам ҳар рӯз занг мезанад. Вай мепурсад, ки ба мактаб рафтам, вазифаи хонагиро омода кардам ва кадом ҳарфи навро омӯтам", - мегӯяд Сумая.

Падари Сумая бар ин аст, ки духтар бояд таҳсил кунад. "Ба ӯ мегӯям, ки хуб бихонад. Албатта, рӯзҳои аввал барояш мушкил буд, вале мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки бетаваҷҷуҳӣ накунем", - изҳор дошт Фирдавс.

Сумаяро ҳангоми омода кардани вазифаҳои хонагияш дар хона модар ва модаркалонаш ёрӣ медиҳанд.

Бар пояи омори ғайрирасмӣ ҳар ҳаштумин шаҳрванди Тоҷикистон муҳоҷири корӣ аст. Ба ҳисоби соли 2015-и созмони байналмилалии ЮНИСЕФ - Тоҷикистон, танҳо 70,7 дарсади духтарон баъди синфи 9-ум таҳсилашонро идома додаанд.

XS
SM
MD
LG