Ссылки доступа

Милисаҳои ӯзбек минтақаи баҳсиро тарк карданд


Ӯзбекистон 18 сентябр милисаҳояшро аз минтақаи баҳсии марзаш бо Қирғизистон, воқеъ дар куҳи Унгар-Тоо пас гирифтааст. Дар ин бора ниҳодҳои қудратии Қирғизистон хабар медиҳанд.

22 август дар минтақаи баҳсии марзи ду кишвар дар наздикии пойгоҳи фиристандаҳои куҳи Унгар-Тоо аз чархболи МИ-8 ҳафт милисаи ӯзбек фуруд омад. Дар посух ба ин амали ҷониби Ӯзбекистон, Қирғизистон ба ин минтақа нерӯҳои иловагии низомӣ фиристод.

Баъдтар мақомоти қирғиз хабар доданд, ки шумори милисаҳои ӯзбек то 20 нафар расидааст.

24 август хабар расид, ки ҷониби Ӯзбекистон чаҳор корманди қирғизи пойгоҳро ба ҳудуди Ӯзбекистон бурдааст. Аммо 8 сентябр ин кормандон раҳо шуда, ба хонаҳояшон баргаштанд.

XS
SM
MD
LG