Ссылки доступа

Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзиро баррасӣ карданд


Ноиб-сарвазири Қирғизистон Жениш Разақов бо муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим мулоқот кард.

Дар ин мулоқот робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамчунин муайн кардану аломатгузории марзи ду давлат баррасӣ шудааст.

Ноиб-сарвазири Қирғизистон ва муовини сарвазири Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳар ду кишвар моиланд, то масъалаи марзиро ҳал кунанд.

Ноиб-сарвазири Қирғизистон пешниҳод кардааст, барои ҳалли масъалаи муайян ва аломатгузорӣ кардани марзи давлатии ду кишвар ҷаласа доир шавад.

XS
SM
MD
LG