Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон тавассути назорати интернетӣ аз терактҳо пешгирӣ шудааст


Абдураҳим Абдулҳасанов, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар ниҳодҳои амнияти миллии Додситонии кулл мегӯяд, барои пешгирӣ аз амалҳои террористӣ маҷбур шудаанд, матолиби шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ карда, почта ва Вайберу Мессенҷерҳоро бисанҷанд.

Дар мавриди то чи ҳад қонунӣ будани ин назорат ӯ гуфт, "назорати Интернет танҳо бо риояи қатъии қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон сурат гирифтааст".

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон истифодаи усули назорат бар Интернет аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро барои мубориза бо терроризм, таъмини амният ва суботи кишвар муҳим донист. Ӯ гуфт, ин усул дар чорчӯби Қонуни "Мубориза бар зидди терроризм", Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Қонуни "Фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ" сурат гирифтааст.

Дар ибтидои соли ҷорӣ мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, Маркази мубориза бо ҷиноятҳое, ки тавассути абзорҳои иттилоотӣ сурат мегиранд, бунёд хоҳад шуд. Мақомот борҳо хабар доданд, ки тавассути интернет гуруҳҳои ифротӣ ҷавононро ба сӯи худ ҷалб мекунанд ва ақидаҳояшонро паҳн месозанд.

XS
SM
MD
LG