Ссылки доступа

Боздошти шаҳрванди Ӯзбекистон бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Русия


Хадамоти марзбонии Украина мегӯяд, дар марзи вилояти Харков як шаҳрванди Ӯзбекистонро боздошт кардаанд, ки гӯиё ба воситаи дурбин барои мақомоти махсуси Русия маълумот ҷамъ мекардааст.

Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванди 25-солаи Ӯзбекистон ҳангоми убури гузаргоҳи марзии "Плетеневка"-и вилояти Харков боздошт ва барои муайян кардани ҳадафи будубошаш дар Украина ба санҷиши иловагӣ фиристода шудааст.

Зимни тафтиш дар куртаи боздоштшуда дурбини махфиеро ошкор кардаанд, ки ба ҷои тугма насб ва бо ду сим ба дастгоҳе дар ҷайбаш пайваст шуда буд. Ҳамчунин аз ҷайби дигари ӯ дастгоҳи сабткунандаи аудиоиеро дарёфт кардаанд.

Шаҳрванди Ӯзбекистон гуфтааст, ин дастгоҳҳоро аз кормандони хадамоти муҳоҷирати Русия, ки ӯро барои нақзи қоидаҳои будубош дар ин кишвар дастгир карда буданд, гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, муҳоҷири ӯзбек ба Хадамоти амниятии Украина супорида шуда, ҳадафи сафарашро ба ин кишвар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян мекунанд.

XS
SM
MD
LG