Ссылки доступа

Дарди қалб президент Қирғизистонро нагузошт, ки ба Ню-Йорк равад


Вазъи сиҳатии президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар роҳ ба сӯи Ню-Йорки ИМА бад шудааст. Вай дар Истамбули Туркия фуруд омада, аз ташхиси табибон гузаштааст.

Табибон гуфтаанд, ки президенти Қирғизистон дарди қалб дорад.

Дар робита ба ин Алмосбек Отамбоев аз ташхиси тиббӣ мегузарад ва чанд муддат дар назорати табибон хоҳад буд.

Отамбоев дастур додааст, ки ҳайати Қирғизистонро дар ҷаласаи Маҷмааи умумии СММ вазири корҳои хориҷии кишвараш Эрлан Абдилдаев роҳбарӣ кунад.

XS
SM
MD
LG