Ссылки доступа

ИА натиҷаҳои интихоботро дар Қрим қабул надорад


Иттиҳоди Аврупо (ИА) интихоботеро, ки рӯзи якшанбе дар Қрим, нимҷазираи ғасбкардаи Русия баргузор шуд, ғайриқонунӣ медонад ва мавқеашро дар робита ба ҳимояти тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Украина тағйир нахоҳад дод.

Ин нуктаро Федерика Могерини, раҳбари дипломатияи ИА иброз доштааст. Дар ҳамин ҳол Департаменти давлатии ИМА низ мавқеи ҳамсон баён кардааст.

Киев баргузории интихоботи вакилони Думаро дар Қрим маҳкум карда, гуфт, натиҷаҳои интихоботи ғайриқонунӣ машруияти ҳамаи палатаи поёнии порлумони Русияро зери суол қарор хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) низ аз фиристодани нозиронаш ба интихоботи порлумонии Русия дар Қрим худдорӣ кард.

Нимҷазираи Қрим соли 2014 аз сӯи Русия ғасб шуд. Киев ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани онро ба Русия эътироф накарданд ва нимҷазираро ҷузъи Украина медонанд.

XS
SM
MD
LG