Ссылки доступа

Отамбоев ба рухсатӣ рафт, вазъи сиҳатиаш қонеъкунанда аст


Вазъи сиҳатии президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев қонеъкунанда арзёбӣ мешавад. Дар ин бора раиси дастгоҳи президенти Қирғизистон Фарид Ниёзов иттилоъ медиҳад.

Отамбоев бино бар хуруҷи дарди қалб дар нимароҳи Ню-Йорк сафарашро қатъ карда, дар Истамбули Туркия фуруд омад.

Ба гуфтаи Ниёзов, дар ҳоли ҳозир Отамбоев бистарӣ нашудааст. Аммо вай сар аз 20 сентябр "бино бар сабаби анҷоми ташхиси тиббӣ" рухсатии меҳнатии кутоҳмуддат гирифтааст.

Пештар аз ин хабар дода шуд, ки Отамбоев ба далели дарди қалбаш наметавонад дар ҷаласаи Маҷмааи умумии СММ ширкат кунад. Ҳайати Қирғизистонро дар ин ҷаласа вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев роҳбарӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар Маҷмааи умумии СММ президенти пешини Қирғизистон Роза Отунбоева баромад мекунад. Вай бо даъвати раиси САҲА ва вазири корҳои хориҷии Олмон ба Ню-Йорк рафтааст.

XS
SM
MD
LG