Ссылки доступа

Қазоқистон: боздошти як шаҳрванди Ӯзбекистон бо гумони кӯдакозорӣ


Дар Қазоқистон як шаҳрванди Ӯзбекистонро бо гумони кӯдакозорӣ (педофилия) дастгир кардаанд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ҷавони ӯзбек духтарчаеро зуран ба боғ дароварда, кӯшиш кардааст, ки ӯро таҷовуз кунад.

Ба иттилои Informburo.kz, як сокини 38-солаи Жезказган аз вуқуи ин ҷинояти нангин ҷилавгирӣ кардааст. Вай пулисро даъват карда, гуфтааст, ки шахси номаълуме мехост, духтари 10-соларо таҷовуз кунад.

"Дар макони ҳодиса кормандони пулис шаҳрванди 23-солаи Ӯзбекистонро, ки муқими вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ аст, дастгир кардаанд. Феълан ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад", - иттилоъ додааст РКД вилояти Қарағанда.

Манбаъ мегӯяд, нисбати боздоштшуда тафтишоти пешакӣ бо айби кӯшиши таҷовуз ба номус оғоз гардидааст.

XS
SM
MD
LG