"Ғафур Раҳимов, ки чеҳраи калидии гуруҳи ҷиноятии "Доираи бародарон" аст, ҳамзамон яке аз роҳбарони олами ҷиноии Ӯзбекистон низ ҳаст. Ин гуруҳ маводи мухаддир истеҳсол мекунад", - хабар медиҳанд мақомоти ИМА.
Мақомоти ИМА мегӯянд, Ғафуров ҳамзамон ду шиносномаи Ӯзбекистонро бо ду ному насаби мухталиф дорад. Вай ҳоло дар Дубай ба сар мебарад.
Ҳоло дақиқ нест, ки оё мақомоти қудратии Ӯзбекистон Ғафур Раҳимовро дар пайгард қарор додаанд ё на.