Ссылки доступа

Свердлов: пайвандони эътирозгарони тоҷикро боздошт карданд


Стив Свердлов, муҳаққиқи созмони байналмилалии Human Rights Watch оид ба масоили Осиёи Марказӣ меӯяд, бар пояи иттилои онҳо дар паи “эътирози хомӯшона”-и аъзои ҲНИТ зимни нишасти САҲА наздики 50 хешу табори ин афродро дар Тоҷикистон боздошт кардаанд.

Ӯ гуфт, 19 сентябри соли равон як гуруҳи мухолифони Тоҷикистон ба толори маҷлисгоҳе ворид шуданд, ки дар чаҳорчӯби ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон вазъи ин кишвар баррасӣ мешуд.

“Хабари боздошти тахминан 50 хешу табори ширкатдорони ин иқдоми осоиштаро баъди ҷаласаи САҲА ҷиддӣ мегирем. Ин хабар ҳоло мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, вале дар сурати тасдиқи хабар, ин нақзи хеле ҷиддии ҳуқуқи инсон аст. Ҳамаи ин дар ҳолест, ки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи дирӯза дар бораи ӯҳдадориҳояш дар баробари принсипҳои ҳуқуқи инсони САҲА баёнот медод”, - гуфт Стив Свердлов.

Дар ҷаласаи 19 сентябри Варшава намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон иштирок доштанд. Ба толори маҷлисгоҳ ҳудудан 20 нафар аз ширкатдорони эътирози назди бинои САҲА ворид шуданд, ки дар тан куртаҳое бо акси боздоштшудаҳову зиндониҳои мисли Бузургмеҳр Ёров ва аъзои раёсати ҲНИТ-ро доштанд.

Свердлов гуфт, баъди ин аз рӯи иттилои онҳо, бархе хешовандони боздоштшудаҳо аз ҷониби ходимони амнияти маҳаллӣ дар Тоҷикистон ҳушдор гирифтанд, ки наздиконашон дигар дар чунин эътирозҳо иштирок накунанд. Свердлов гуфт, ки ин мавзӯъро бо ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар Варшава баррасӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG