Ссылки доступа

Сокини Остона барои "хабари бомба" зиндонӣ шуд


Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон як сокини маҳаллиро барои хабари бардурӯғ дар бораи бомба 1,5 сол зиндонӣ кард.

Ин сокини Остона ба телефонӣ боварии мақомот тамос гирифта, хабар додааст, ки дар бинои пулиси ноҳиявии Остона маводи тарканда насб шудааст. Тафтишот мегӯяд, вай дар ҳолати "сархушӣ" ин амалро анҷом додааст.

Дар Қазоқистон сар аз ибтидои тобистон сатҳи "зард"-и хатари террористӣ амал мекунад. Ибтидои тобистон дар шаҳри Оқтеппаи он кишвар амали террористӣ рух дод, ки боиси марги чанд тан шуд.

XS
SM
MD
LG