Ссылки доступа

Писари муовини сарвазири Тоҷикистонро то 10 соли зиндон таҳдид мекунад


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба садамаи нақлиётии Фаромӯз Саидов, писари муовини аввали сарвазири кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тавре Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД хабар дод, парванда аз рӯи моддаи 212 "Вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ва истифодаи васоили нақлия”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тартиб дода шудааст.

Барои содир кардани ин навъи ҷиноят дар моддаи мазкур аз 5 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Парвандаро кормандони Раёсати тафтишоти ВКД Тоҷикистон таҳқиқ хоҳанд кард.

Шаби 10 сентябр дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт садамае бо иштироки Фаромуз Саидови 23-сола рух дод ва масъулони ВКД дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки бар асари он ду нафар ҳалок шудааст. Фаромуз Саидов писари муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов буда, феълан дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб (нейрохирургия)-и бемористони Қарияи Болои Душанбе бистарӣ аст.

Қаблан модари Фаромуз Саидов гуфта буд, ки садамаи мазкур бо сабабҳои техникӣ сурат рух додааст. "Вақте мехостааст, ба самти дигар ҳаракат кунад, ки чанбараки мошин якбора часпидааст ва ба мошини дигар бархӯрдааст. Писари ман бо тарбия аст, вай сархуш набуд ва мо омодаем ба наздикони зарардидаҳо кумак кунем", - афзудааст ӯ.

XS
SM
MD
LG