Ссылки доступа

Ду гузориши ба ҳам зидди Туркманистон дар САҲА


Аз 19 то 30 сентябр дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон конфронси солонаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умумри ҳуқуқи инсон доир мешавад. Ҳайати Тукрманистонро дар ин конфронс муовини вазири корҳои хориҷӣ Вепа Ҳоҷиев роҳбарӣ мекунад.

Дар ҷараёни конфронс роҳбари Ҳизби ҷумҳурихоҳони Туркманистон Нурмуҳаммад Ханамов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, суханронӣ кардааст. Вай гуфтааст, Туркманистон яке аз пӯшидатарин кишварҳои ҷаҳон аст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро поймол мекунад.

"То кунун гумонбарони сӯиқасд ба ҷони президенти пешини Туркманистон дар соли 2002 дар зиндон ҳастанд. Дар борае бархе аз ин гумонбарон ҳеч иттилое нест", - гуфтааст Ханамов.

Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки барои беҳ шудани вазъ ба Туркманистон фишор биоранд.

Муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар дар навбати худ гуфтааст, Туркманистон кишвари пӯшида нест, зеро 130 созишномаи байналхалқиро имзо карда бо чанд созмони ҷаҳонӣ ҳамкорӣ дорад.

XS
SM
MD
LG