Ссылки доступа

Ҷиҳодиён навори "афсари асирафтодаи рус"-ро нашр карданд


Гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" навори "афсари Хадамоти федеролии амнияти Русия"-ро нашр карданд. Бино бар иттилои расонаҳо, нафари дар навор сабт шуда, худро Евгений Петренко муаррифӣ мекунад.

Вай ба президенти Русия Владимир Путин ва мардуми рус муроҷиат карда мегӯяд, зимни адои супориш "ба дасти хадамоти амнияти халифат" асир афтодааст.

"Евгений Петренко" хабар медиҳад, ки дар вилояти Москва ба сар бурда, корманди ғайриштатии шуъбаи фаврии Хадамоти федеролии амнияти Русия аст. Вай барои раҳо шудан дархости кумак кардааст.

То кунун мақомоти Русия дар бораи навори мазкур изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG