Ссылки доступа

Александр Лукашенко мегӯяд, Москва ба Белорус фишор меорад


Президенти Белорус Александр Лукашенко мегӯяд, Русия ба хотири қимати газ ба кишвари вай фишор меорад. Вай меафзояд, Москва ва Минск натавонистанд, ки давоми чанд моҳи охир сари нархи газ ба созиш расанд.

Ба гуфтаи Лукашенко, дар робита ба ин ҷониби Русия ҳаҷми нафти содиротиро ба Белорус кам кардааст, ки нишонаи фишор овардан аст. Тавре хабаргузории БЕЛТА менависад, Лукашнко дар ин бора дар мулоқот бо котиби давлатии Русия Григорий Рапот изҳори назар кардааст.

XS
SM
MD
LG