Ссылки доступа

Созиш барои ихроҷи нерӯҳо аз се минтақаи Донбасс


Мартин Сайдик, намояндаи САҲА дар гуфтушуниди ҳалли низои Донбасс рӯзи чаҳоршанбе хабар додааст, ки дар Минск роҷеъ ба ихроҷи аслиҳаву низомиён аз се минтақаи Донбасс - Станитса Луганская, Золотой ва Петровский созишномае ба имзо расидааст.

Ба гуфтаи Сайдик, гуруҳи кории амниятӣ билохира тавонистанд оиди ҳамаи масъалаҳои марбут ба ҷойгиршавии нерӯю техникаҳо дар се минтақаи даргир ба созиш расанд. Ин созишнома ба раҳбарони ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск барои имзо гузоштан пешниҳод хоҳад шуд.

Намояндаи САҲА гуфтааст, зери санади мазкур намояндагони Русияву Украина дар Гуруҳи сеҷонибаи тамос ва масъулини ноҳияҳои алоҳидаи Донетску Луганск, ки дар дасти ҷудоихоҳонанд, имзо гузоштаанд.

Ба назари намояндаи Украина дар зергуруҳи масоили амниятӣ Евгений Марчук, агар ин созишнома ба иҷро дарояд, пас он оғози сатҳи нави ҳалли мушкилот дар Донбасс хоҳад буд.

"Бар пояи созишнома бояд, дар се минтақаи амниятӣ - Станитса Луганская, Золотой ва Петровский нерӯҳои мусаллаҳ аз ҳар ду ҷониб то 1 километр берун бурда шаванд. Ин нахустин талоши ҷиддӣ барои ихроҷи нерӯҳо аст", - афзудааст вай.

XS
SM
MD
LG