Ссылки доступа

HRW: Дар Тоҷикистон мухолифонро таъқиб мекунанд


"Тоҷикистон мухолифонро дар дохилу хориҷ таъқиб мекунад". Филми мустанад бо ин ном дар ҷаласаи васеи САҲА дар Варшаваи Лаҳистон ба намоиш гузошта шуд.

Муаллифони филм - созмони Human Rights Watch ва Кумитаи Норвежии Хелсинки навори мустанадро бо ширкати мухолифони фаъоли Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон нишон медиҳанд.

Фаъолони ҷамъиятӣ дар ин филм аз ИМА, Иттиҳоди Аврупо, СММ, САҲА ва дигар созмонҳои ҳамкори Тоҷикистон даъват мекунанд, ки ба хотири ислоҳоти сиёсӣ ба Душанбе фишор биоранд.

Дар изҳороти Human Rights Watch гуфта шудаанд, ки дар Тоҷикистон риояи ҳуқуқи инсон ба буҳрони амиқ мувоҷеҳ аст. Чунин буҳрон, ба гуфтаи созмони мазкур, давоми 20 соли охир мушоҳида нашуда буд.

Созмон мегӯяд, ду соли охир ҳукумат зидди дигарандешон ҷанг эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG