Ссылки доступа

Вокуниши Қирғизистон ба суханронии вакили пешини қирғиз


Вакили порлумони Қирғизистон Айнура Алтибоева аз ҳамкасбонаш даъват кардааст, ки ба суханронии маҳкумшудаи қирғиз - Қодирҷон Батиров баҳои сиёсӣ бидиҳанд. Батиров ба далели содир кардани ҷиноят маҳкум шуда, дар пайгард қарор дорад.

"Кумитаи корҳои хориҷӣ, мудофиа ва амнияти порлумони Қирғизистон бояд ҷаласаи ғайринавбатӣ доир карда, суханрониҳои ҷудоихоҳ Қодирҷон Батировро баррасӣ кунанд. Ва худи ҳамин рӯз порлумон бояд ба суханронии вай баҳо диҳад", - гуфтааст Алтибоева.

Вай афзудааст, ғайри қобили қабул аст, ки ҷудоихоҳон аз саҳнаҳои байналхалқӣ истифода карда худро мудофеи ҳуқуқи инсон муаррифӣ мекунанд. Дар суханрониаш Қодирҷон Батиров дар САҲА зидди тағйирот ба Конститутсияи Қирғизистон баромад кардааст.

Вакили пешини порлумони Қирғизистон, роҳбари маркази фарҳангии ӯзбекӣ дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон Қодирҷон Батиров дар ғайбаш бо айби барангехтани адовати миллӣ, даъват ба ҷудоихоҳӣ ва ташкили бетартибиҳои оммавӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

XS
SM
MD
LG