Ссылки доступа

Шаҳрванди Ӯзбекистон дар сӯзонидани манзили зист айбдор мешавад


Додситонии вилояти Саратови Русия шаҳрванди 28-солаи Ӯзбекистон Уйгун Боброевро дар сӯзонидани як манзили зист айбдор кард. Вай дар куштори ду нафар, аз ҷумла як тифл, сӯйқасд ба ҷони панҷ нафар ва инчунин ташкили сӯхтор айбдор мешавад.

Тибқи иттилои тафтишот, шаби 24 декабри соли 2015 Боброев баъди муноқиша бо шиносаш Галинаи 20-сола дар вилояти Саратов хонаи шахсии ӯро оташ задааст. Он замон дар манзили зист касе набуд. Баъдан Боброев манзили ҳамшафатро оташ дар додааст.

Дар натиҷаи сӯхтор тифли хурдсол ва марди 33-сола ҳалок шудааст. 3 тани дигарро кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулодда наҷот додаанд.

Шаҳрванди Ӯзбекистон қиман ба айби худ иқрор кардааст. Ӯро аз 8 то 20 соли зиндон ва ё ҳабси абад таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG