Ссылки доступа

КМИР шумори интихобкунандагони рус дар Сурияро ифшо кард


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Русия (КМИР) теъдоди иштирокдорони интихоботи вакилони Думаи давлатиро дар Сурия эълон кардааст, ки бар пояи он метавон шумори сарбозони русро дар ин кишвари арабӣ тахмин зад.

Дар ин бора РБК иттилоъ додааст. Аммо маълумоти расмӣ сирри давлатӣ гуфта мешавад. Дар Сурия як нуқтаи овоздиҳӣ ташкил карда шуд, ки дар сафорати Русия дар Димишқ ҷойгир буд. Ба ҷуз ин, қутии овоздиҳии сайёр ба пойгоҳи низомии "Хмеймим"-и Русия интиқол дода шудааст.

Шумори иштирокорони интихоботи порлумонии Русия дар Сурия ҷамъан беш аз 4 ҳазору 500 нафар арзёбӣ мешавад. Ба иттилои КМИР Русия, аз ин миён 193 танашон дар сафорати ин кишвар дар Сурия овоз додаанд.

Қаблан Вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки сарбозони руси муқими Сурия 100% дар интихобот иштирок кардаанд.

Ба навиштаи РБК, шумори кунунии иштирокдорони интихоботи Дума дар Сурия рекордӣ аст. Зеро дар интихоботи порлумонии соли 2011 ва президентии соли 2012-и Русия дар Сурия чаҳор бор камтар аз ин шумора иштирок карда буданд.

Амалиёти низомии нерӯҳои Русия дар Сурия моҳи сентябри соли 2015 оғоз шуд. Моҳи марти соли равон мақомоти рус расман иттилоъ доданд, ки бахши асосии нерӯҳои ин кишвар Сурияро тарк мекунанд.

Баъди ин теъдоди маҳдуди сарбозони рус дар Сурия мондаанд, ки ба гуфтаи Кремл дар мубориза бо терроризм ба нерӯҳои президент Башор Асад кумак мекунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Сурия 20 сарбози рус кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG