Ссылки доступа

Қирғизистон гузаргоҳҳои марзиашро бо Қазоқистон барои таъмир мебандад


Қирғизистон қисме аз гузаргоҳҳои марзиашро дар сарҳад бо Қазоқистон мебандад ва онҳоро таъмир мекунад. Дар ин бора хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад.

Аз ҷумла, гузаргоҳҳои марзии "Токмок", "Кенбулун", "Актилек" ва "Чалдибар" барои таъмир баста хоҳанд шуд.

Гузаргоҳи марзии "Токмок" аз 25 сентябр баста мешавад. Баъди анҷоми таъмир дар ин гузаргоҳ гузаргоҳҳои дигар ҳар кадоме бо навбат баста хоҳанд шуд. Дар марзи ин ду кишвар ҷамъан 12 гузаргоҳ мавҷуд аст.

Ҳамасола дар бархе аз гузаргоҳҳои марзӣ навбатпойии калон ба вуҷуд меояд. Тобистон одамон маҷбуранд, ки соатҳои тӯлонӣ зери офтоби сӯзон ва ё дохили утоқҳои танг мунтазири навбат биистанд.

XS
SM
MD
LG