Ссылки доступа

ВАО бахше аз созишномаи ИМА ва Русияро дар бораи Сурия нашр кард


Хабаргузории Associated Press бахше аз созишномаи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаро барои эълони оташбас дар Сурия, ки зимни гуфтушуниди 9 сентябр ба миён омада буд, нашр кардааст.

Бар пояи ин маълумот, бояд дар шоҳроҳи шаҳри Ҳалаб минтақаи ғайринизомӣ таъсис меёфт. Тибқи созишнома артиши президент Башор Асад ва шӯришгарон ҳақ надоранд, ки минтақаҳои тарккардаи ҷониби муқобили низоъро ғасб кунанд.

Ҳамчунин ин санад муайян кардани минтақаҳои зери идораи исломгароён ва мухолифони муътадили Сурияро пешбинӣ ва гуруҳҳои мухолифро аз созмони "Ҷабҳат ун-Нусра" ҷудо мекунад.

Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия тасдиқ кардааст, ки маълумоти нашр кардаи Associated Press яке аз панҷ бахши созишномаи 9 сентябр аст.

Иёлоти Муттаҳида созишномаҳо дар бораи Сурияро "маълумоти ҳассос" медонад ва зидди нашри онҳост. Вале Кремл мегӯяд, ошкор шудани созишномаҳо барои ҳалли низоъ мусоидат мекунанд.

XS
SM
MD
LG