Ссылки доступа

Назарбоева мехоҳад, пулис соҳиби ҳуқуқҳои бештар бошад


Раиси кумитаи муносибатҳои хориҷӣ, мудофиа ва амнияти палатаи болоии порлумони Қазоқистон Дариға Назарбоева гуфтааст, пулис бояд соҳиби уҳдадориҳои бештар бошад.

"Пешниҳод мекунам, ки мавқеи худи пулис бозбинӣ шавад. Ба онҳо бояд уҳдадорӣ ва ё ҳуқуқи бештаре дода шавад, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда чораҳои муассири ҷавобӣ биандешанд. Кормандони пулисе, ки дар Алмаато аз доираи вазифаи хизматӣ берун нарафтанд, аммо кушта шуданд", - гуфтааст Назарбоева. Вай ҳодисаи 18 июли Алмааторо, ки ба бинои пулис ва КДАМ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ёдовар шудааст.

Вай ҳачунин гуфтааст, ки таҳсил, таълим дар мактабҳо, муносибати мактабу оила, мавқеи пулиси маҳаллӣ ва табибони маҳаллӣ, хадамоти иҷтимоӣ ниёз ба бозбинӣ доранд.

XS
SM
MD
LG